ЛОИҚ ШЕРАЛӢ – КУШЕД ИН ЗАМОНАРО! (ВИДЕО)

ЛОИҚ ШЕРАЛӢ – КУШЕД ИН ЗАМОНАРО! (ВИДЕО)

Лоиқ Шералӣ, аз хушномтарин шоирони тоҷики асри 20, агар умр вафояш мекард, рӯзи 20 май ба синни 7 6 мерасид.

Ман баъди ҳама завол меоям боз,

Чун мурғи хуҷастабол меоям боз.

Гар баъди ҳазор сол ёдам бикунӣ,

Ман баъди ҳазор сол меоям боз.

Ин дубайтии Лоиқ Шералӣ, ки дар санги мазори ӯ дар оромгоҳи Лучоби Душанбе ҳаккокӣ шудааст, ҳар рӯзи 20 май дар солгарди маргаш аз забони мухлисони шеъри ӯ дар маҳфилҳои Лоиқхонӣ дар пои мазораш садо медиҳанд.

Агар умр вафо мекард, Лоиқ Шералӣ, аз маъруфтарин шоирони тоҷики асри 20, рӯзи 20 май ба синни 76 мерасид. Лоиқ Шералӣ 20-уми майи соли 1941 дар рустои Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакент ба дунё омада, ибтидо омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент ва баъдан риштаи таъриху забону донишкадаи омӯзгории Душанберо хатм кардааст.

Ӯ соли 1965, вақте ҳамагӣ 24 сол дошт, ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд. Як шарти асосӣ барои расидан ба узвияти ин созмони мӯътабари адабӣ нашри дастикам ду китоб буд, вале Лоиқи ҳанӯз бекитоб танҳо барои як шеър –"Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо модари пирам. ” узви Иттифоқ шуд. Анъана буд, ки ҳар узви нав бояд намунае аз эҷодиёташро қироат кунад. Лоиқ ҳамон шеъри "Ба кунҷи сандалӣ. ”-ро хонд. Қироати шеър дар ҳалқаи бузургони адабиёти тоҷик шоири ҷавонро дар арақ тар кард, вале шеъраш ҳамаро чунон ба ваҷд овард, ки муовини вақти раиси Иттифоқи нависандагон Боқӣ Раҳимзода аз ҷо баланд шуду ӯро ба оғӯш кашид ва ин байтро хонд:

Нозанине, ки дар арақ тар шуд,

Нозанин буд, нозанинтар шуд.

Лоиқ Шералӣ, ин дарахти нозанини шеъри тоҷик чандин китоби шеър, аз ҷумла «Сари сабз», «Илҳом» (1968), «Нӯшбод» (1971), «Соҳилҳо» бо силсилаи «Рубоиёти Хайём(1972), «Ташнадил»(1974, бо ҳуруфи форсӣ), «Хоки ватан»(1975) ва «Марди роҳ» (1978), «Хонаи дил» (1982) ва «Хонаи чашм» (1986) ва дар солҳои 90-ум «Фарёди бефарёдрас»-ро ба мухлисонаш ба ёдгор гузоштааст. Ҳифзи ормонҳои миллӣ ва муқаддасоте, чун забони миллӣ аз мавзӯъҳои аслии ашъори Лоиқ буд ва соли 1989, вақте забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифту Бунёди забони тоҷикӣ таъсис ёфт, маҳз Лоиқро раиси ин сандуқ интихоб карданд.

Лоиқ Шералӣ 30 июни соли 2000, дар синни ҳамагӣ 59, дар авҷи камолоти эҷодиаш аз дунё рафт. Баъди маргаш, "Куллиёт”-и Лоиқ соли 2003 дар Хуҷанд ва соли 2008 нашри комилтари ин "Куллиёт” дар як ҷилд дар нашриёти "Адиб”-и Душанбе чоп шуд.

20 майи соли 2016 дар зодрӯзи Лоиқ Шералӣ гуфтугӯи ихтисосие доштем бо фарзанди ӯ Ромиш Лоиқзода ва нахуст аз маҳфили рӯзи 20 май дар пои мазори шоир пурсидем, ки чигуна гузашт?

Ромиш Лоиқзода: Ҳар сол дар пои мазорашон сӯҳбатҳо мешаваду Лоиқхонӣ мешавад. Аз ноҳияҳои гуногун меоянд, аз Ёвон, аз мактаби нобиноҳои Ҳисор, аз Панҷакент. Устод дар дили мухлисонаш чунон ҷо гирифтааст, ки ҷамъ шудан дар пои мазораш дар зодрӯзи шоир дигар ба ҳукми як анъана даромадааст.

​ Мирзои Салимпур: Имрӯз одами зиёд омад?

Ромиш Лоиқзода: Аз 100 кас зиёд буд. Аз шахсиятҳои шинохта адибонамон устод Сорбон, Камол Насрулло, Алиакбар Абдулло он ҷо буд. Аз Афғонистону аз Эрон меҳмонон омада буданд. Аз Донишгоҳи миллӣ як гурӯҳи бузург, ягон 30 нафар ҳузур дошт. Ҳамин тавр, аз Донишгоҳи тиббӣ. Аз мактаби нобиноҳои Ҳисор як гурӯҳ, ки ҳар сол меоянд, имсол ҳам ширкат доштанд ва шеърҳои устодро чунон хуб хонданд ки ҳама ба ваҷд омад.

Мирзои Салимпур: Ҳоло бисёре аз адибони тоҷик осорашонро дар Интернет ҷо медиҳанд, ки барои ҳама дастрас бошад. Оё дар мавриди муаррифии осори падаратон шумо ҳам чунин талошҳо кардаед?

Ромиш Лоиқзода: Ҳам дар Интернет ва ҳатто дар телефонҳои мобилӣ тамоми "Куллиёт”-и устод Лоиқ алакай ҳаст.Ҳам дар шакли матн ва ҳам бо садои худи ӯ.

​ Мирзои Салимпур: Манзурам як сомонаи алоҳида ба номи устод Лоиқ буд?

Ромиш Лоиқзода: Сомонаи алоҳида насохтем, чунки дар вақташ Толиби Розӣ сомонае сохт, ки дар зери бомаш ҳамаи адибони хушноми мо бошанд – аз Рӯдакиву Ҷалолиддини Румӣ то Лоиқу Фарозонаву дигару дигар. Аммо сомонаи ихтисосиашро ҳанӯз насохтаам. Нияташро доштам, вале имконият даст надод.

Мирзои Салимпур: Дуруст аст, ки "Куллиёт”-и Лоиқ ду дафъа чоп шуд. Оё то имрӯз ҳамаи ашъори устод ба дасти хонандагон расидааст ё боз ҳам қисмате ҳанӯз боқӣ монда?

Ромиш Лоиқзода: Мо то ҳадде, ки қувватам расид ва имкони таҳрир доштам, то андозае метавон гуфт, ҳамаи шеърҳояшро ворид кардам дар "Куллиёт”. Албатта, ду ҷилде, ки дар Хуҷанд ба чоп расонданд, ҳанӯз як каме ноқис буд. Баъдан ман ҳарду ҷилдро як кардаму бо иловаи ашъори чопнашуда соли 2008 аз тариқи нашриёти "Адиб” нашр кардам. Ин китоб комилтар аст. Ҳоло мехоҳам, ҷилди дувуми "Куллиёт”-ашонро ба чоп омода кунам. Ин ҷилд мақолаҳо ва тарҷумаҳои устодро дар бар мегиранд. Тарҷумаҳо пурра омода шудааст, вале мақолаҳо – ягон 70 фоиз. Бархе мақоларо шунидаам, вале то ҳол наёфтаам. Дар ягон китобхона нест. Нахустин китоби устод Лоиқ тарҷумаи шеърҳои Есенин буд, ки ӯро ҳамчун шоир муаррифӣ кард ва ба гуфтаи бисёриҳо, нишон дод, ки устод Лоиқ дар ҳунари шоирӣ ҳатто аз Есенин кам намеояд.

​ Мирзои Салимпур: Вале, Ромиш, бисёр мегуфтанд, ки устод Лоиқ чанд дафтари шеъри дигар дорад бо номи "Девони номатбӯъ”. Дар воқеъ чунин "Девон” доштанд устод?

Ромиш Лоиқзода: Ин ҳарфҳо воқеият надоранд. Рост аст, ки чанд дафтари шеърашон гум шудааст. Устод шеърҳояшонро дар дафтарҳо менавиштанд ва ҳар якеро рақам мегузоштанд. Вақте мо дафтарҳояшро таҳқиқ кардем, дидем, ки чанд дафтар нест. Он кас баъзан дафтарҳои шеърашонро барои хондан ба дигарон медоданд. Худашон ҳам ба ман гуфта буданд, ки чанд дафтари шеърамро ба чанд духтари нозанин тӯҳфа кардаам. Вале фикр мекунам, тақрибан ҳамаи шеърҳояшро чоп кардаем. Аз он чизҳое, ки чоп нашудаанд ваё ба гуфтаи шумо, "номатбӯъ”, чанд шеъре ҳаст, ки аз нигоҳи вазну қофия ҷӯр нест ва устод худашон ҳам рӯи ин шеърҳо дар дафтарҳояшон ё хат кашидаанд ё зераш навиштаанд, ки "таҳрир металабад.” Ин шеърҳо чоп нашудаанд. Бисёр нест, шояд ягон 15-20 шеър. Лекин бақияаш дар "Куллиёт” ҳаст. Ин "Куллиёт” комилтарин аст, вале албатта, комили комил не.

Мирзои Салимпур: Устод дар муҳити хонавода чигуна инсоне буданд?

Ромиш Лоиқзода: Дирӯз иттифоқан як нафар аз ман пурсид, ки устод ягон бор асабонӣ ба хона меомад? Гуфтам, ҳеҷ гоҳ. Ин мо будем, ки баъде меомад, бо шӯру бозии худ асабониаш мекардем.Хеле инсони мулоим буданд. Ниҳодаш саршори меҳру муҳаббат буд.

Мирзои Салимпур: Яъне ифтихор мекунед, ки чунин падар доштед?

Ромиш Лоиқзода: Албатта! Чаро ифтихор надошта бошам? Устод Лоиқ мояи ифтихори натанҳо ман, балки мояи ифтихори тамоми миллат аст.

📎📎📎📎📎📎📎📎📎📎